Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», ҳизби «Шабиба»-и Лубнон бо нашри баёнияе дар посух ба созиши байни ҳукумати ғарбгарои Лубнон ва режими сионистӣ эълом кард, ки ҳар гуна созиш бояд аз дидгоҳи ҳифзи ҳокимияти Лубнон ва ҳуқуқи мардуми ин кишвар баррасӣ шавад, на бо дарназардошти истиқболи он аз ҷониби сионистон ё дигарон.
Дар ин баёния омадааст: «Ҳар чаҳорчӯбае, ки Лубнонро бе кафолатҳои равшан вазифадор мекунад, аммо дар муқобил ба Исроил фазои амние барои идомаи таҷовузҳояш медиҳад, шубҳанок аст.»
Дар идомаи ин баёния таъкид шудааст: «То даме ки ишғоли заминҳои ишғолӣ ва Фаластин идома дорад, Исроил барои қисмати зиёди мардуми Лубнон ва арабҳо як давлати ишғолгар ва душмани таърихӣ боқӣ хоҳад монд. Мо ҳушдор медиҳем, ки кабинети Натаняҳу аз ин созиш барои манфиатҳои сиёсӣ ва низомии худ сӯистифода хоҳад кард ва муодилаҳои навро ба Лубнон таҳмил хоҳад намуд. Наметавон фидокориҳои муқовимат дар баробари душмани сионистӣ аз соли 1948 то ҳамла ба Лубнон дар соли 1982 ва дигар таҷовузҳоро нодида гирифт. Хуни шаҳидон ва шарафи Лубнон қобили муомила ва гуфтушунид нест. Ҳар созише, ки ҳокимияти кишвар ва боздоштани таҷовузҳои душманро ба назар нагирад, радшуда аст.»
Your Comment